Дар шашмоҳаи аввал аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети Тоҷикистон зиёда аз 8 млрд сомонӣ ворид шуд

Август 20, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 20.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали  соли 2023 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 8 млрд 510,2 млн сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 млн сомонӣ ва нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 411,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи ҳамагӣ ду намуди андоз –андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андозҳо барои захираҳои табиӣ таъмин нагардид.

Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар маҷмуъ 764,3 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2023 ба маблағи 36,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 20, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд