НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон бекоршавии ақди никоҳ кам шудааст

Август 9, 2023 12:29

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023  дар мамлакат ҳолатҳои сабти ақди никоҳи шаҳрвандон зиёд ва бекоршавии он кам шудааст. Дар ин хусус Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 сабти  давлатии ақди никоҳ 32 ҳазору 851 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 585 ҳолат зиёд аст. Бекоршавии ақди никоҳ дар 6 моҳи соли равон коҳиш ёфта, 5 ҳазору 370 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба шаш моҳи  моҳи соли 2022  1 ҳазору 895 ҳолат кам мебошад.

Сабаби кам шудани ҳолатҳои бекор шудани ақди никоҳро роҳбарияти Кумита  ба он рабт доданд, ки имсол аз ҷониби кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, раёсатҳо, Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёд бурда шуданд. Чунин корҳоро дар мавриди ташхиси пеш аз никоҳ низ бояд ба роҳ монд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 9, 2023 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид