НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 49,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст
ДУШАНБЕ, 13.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли равон дар мамлакат 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 49,1 миллиард сомонӣ баробар ба 4,50 миллиард доллар амалӣ гардида истодааст. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода 10 август дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ ҳамагӣ 21,3 миллиард сомонӣ ё 1,95 миллиард доллар аз худ гардидааст.
Ҳамзамон дар ин давра дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 3,2 миллиард сомонӣ ё 298,7 миллион доллар аз худ шудааст, ки ин дар маҷмуъ ба 106 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар мебошад.
Мавсуф афзуд, ки аз ин шумора дар соҳаҳои энергетика 17 лоиҳа ба маблағи 873,0 миллион сомонӣ (80,0 миллион доллар), нақлиёт- 14 лоиҳа ба маблағи 1 315,1 миллион сомонӣ (120,5 миллион доллар), тандурустӣ- 9 лоиҳа ба маблаги 260,0 миллион сомонӣ (23,8 миллион доллар), хоҷагии манзилию коммуналӣ- 13 лоиҳа ба маблағи 196,4 миллион сомонӣ (18,0 миллион доллар), кишоварзӣ дар доираи 3 лоиҳа 88,4 миллион сомонӣ (8,1 миллион доллар), экология ва ҳолатҳои фавқулода дар доираи 8 лоиҳа 81,0 миллион сомонӣ (7,4 миллион доллар), маориф 6 лоиҳа ба маблағи 134,2 миллион сомонӣ (12,3 миллион доллар), ирригатсия/обёрӣ 4 лоиҳа 77,5 миллион сомонӣ (7,1 миллион доллар), соҳаҳои гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғайра 8 лоиҳа ба маблағи 233,5 миллион сомонӣ (21,4 миллион доллар) амалӣ гардид.
Инчунин таъкид шуд, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат бо шарикони рушд созишномаҳои нав ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ, муодил ба 208,6 миллион доллар ба имзо расонида шуданд, ки 99 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






