НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон робитаҳои байналмилалиро такмил медиҳад

Август 4, 2023 09:37

ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 12 нафар омӯзгорро ҷиҳати аз такмили ихтисос ва 15 нафар донишҷӯро барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат равона намуд. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи мазкур Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ректор гуфт, ки аз 12 нафар омӯзгорон 3 нафар ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва 9 нафар ба Федератсияи Русия ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштан фиристода шуданд. Ҳамзамон 15 нафар донишҷӯ ба хориҷи  мамлакат, аз ҷумла 2 нафар ба Кореяи Ҷанубӣ, 4 нафар ба Ҷопон, 1 кас ба Ҳиндустон ва 8 нафар ба Федератсияи Русия ҷалб гардиданд.

Инчунин дар донишгоҳ 3 нафар омӯзгорони хориҷӣ, аз ҷумла як нафар шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ, як нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият намуда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ 586 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Туркманистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забони тоҷикӣ дар назди кафедраҳо таҳсил менамоянд.

Ҳоло шумораи созишномаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ба 59 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 ҳолат зиёд мебошад.

Дар нишаст гуфта шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура ба касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2023 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд