НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаи саноатии ватанӣ ҳамкорӣ дорад

Август 14, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75  корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ дошта, хатмкунандагон  дар онҳо  ба кор таъмин карда  мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ баён дошт.

«Хатмкунандагони донишкада ба ҷуз аз фаъолият дар корхонаҳои саноатии ватанӣ боз дар коргоҳу корхонаҳои саноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун мутахассис бо дипломи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият намуда,  маоши баланд мегиранд. Танҳо дар корхонаи нафту гази «Узбекинвест» зиёда аз 125 нафар хатмкунандагони донишкада фаъолият намуда истодаанд»,- афзуд Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 467 нафар хатм намудаанд. Аз инҳо 92 нафарашон, ки тариқи буҷавӣ таҳсил менамуданд,  дар 65 корхонаи саноатӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Август 14, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад