НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази миллии тестӣ гурӯҳҳои ихтисосҳои серинтихоби соли 2023-ро номбар намуд

Август 3, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд. Дар байни ихтисосҳо класстери 5 (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихоб буда, шумораи довталабони онро интихобкарда 99,14 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад.

Тавре директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд.

Гуфта шуд, ки шумораи хамткунандагони синфи 11 соли равон ҳамагӣ 105 ҳазору 839 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2022 13 ҳазору 853 нафар камтар аст. Аз ин шумора дар давраи асосии бақайдгирӣ ҳамагӣ 68 ҳазору 675 нафар (64,89 %) барои иштирок дар ИМД-2023 худро номнавис намудаанд.

Тибқи омори соли 2022, аз шумораи умумии хатмкардагони синфи 11 ҳамагӣ 61,41 %-ашон барои иштирок дар ИМД худро номнавис намуда буданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид