НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Музди меҳнати омӯзгорони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 20 фоиз баланд бардошта мешавад

Август 5, 2023 11:05

КӮЛОБ, 05.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз якуми сентябри соли 2023 музди меҳнати муаллимони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки яке аз маъруфтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ нақши арзанда дорад, ба андозаи 20 фоиз баланд бардошта мешавад. Чунин иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Латофат Одиназода.

Мавсуф гуфт, ки ҳоло дар коллеҷ 1023 нафар донишҷӯён, аз ҷумла дар таълими рӯзона 619 нафар ва дар таълими ғоибона 404 нафар таҳсили илм доранд. Аз ин шумора 469 нафар тариқи буҷавӣ ва 554 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки донишҷӯёни коллеҷ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра муассисаро 542 нафар хатм намуданд, ки 170 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 372 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доштанд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  

Август 5, 2023 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд