НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли гузашта 40,7% зиёд аст
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, бо дарназардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 181 ҳазору 867 нафар ё 40,7% зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 9 август Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матуботӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Мавсуф гуфт, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, 487 ҳазору 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 124 ҳазору 314 сайёҳ ё 34,2% зиёд мебошад. Тибқи ин нишондиҳанда, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 453 ҳазору 559 нафар ва аз давлатҳои хориҷи дур 33 ҳазор 844 нафар сайёҳон ворид гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ, ба ҳолати моҳҳои январ ва июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 297 субъекти хизматрасони сайёҳӣ- 191 меҳмонхона, 26 хостел (меҳмонхонаи хурд) ва мотел (меҳмонхонаи канори роҳ барои ронандагон), 53 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 кемпинг (лагер), 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд, ки шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасони онҳо 4064 нафарро ташкил менамояд.
Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд. Дар маҷмуъ 16 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расонида шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






