НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба соли гузашта 40,7% зиёд аст

Август 9, 2023 13:22

ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.Тибқи маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи аввали соли 2023 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, бо дарназардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 627 ҳазору 931 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 181 ҳазору 867 нафар ё 40,7% зиёд мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 9 август Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод зимни нишасти матуботӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Мавсуф гуфт, ки аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, 487 ҳазору 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳ омадаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  124 ҳазору 314 сайёҳ ё 34,2% зиёд мебошад. Тибқи ин нишондиҳанда, аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 453 ҳазору 559 нафар ва аз давлатҳои хориҷи дур 33 ҳазор 844 нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, ба ҳолати моҳҳои январ ва июни соли 2023 дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 297 субъекти хизматрасони сайёҳӣ- 191 меҳмонхона, 26 хостел (меҳмонхонаи хурд) ва мотел (меҳмонхонаи канори роҳ барои ронандагон), 53 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 кемпинг (лагер), 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуданд, ки шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасони онҳо 4064 нафарро ташкил менамояд.

Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд. Дар маҷмуъ 16 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Русия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Беларус, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расонида шуданд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Август 9, 2023 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст