ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Хуҷанд корҳои омодагӣ дар муҳлати муайяншуда анҷом дода мешаванд

Август 16, 2023 10:14

ДУШАНБЕ, 16.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд роҳбарияти вилояти Суғд бо фаъолият ва вазъи омодагии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 ва Беморхонаи клиникавии шаҳрии №2 ба давраи тирамоҳу зимистон шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Аснои боздид роҳбари вилоят вазъи омодагии муассисаҳои тиббӣ ба давраи тирамоҳу зимистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои омодагӣ ва​ дар сатҳи зарурӣ сипарӣ намудани фасли сармо қарори Ҳукумати мамлакат ва қарори марбутаи Раиси вилоят ба имзо расида, ташкилоту идораҳо вазифадор гардидаанд, ки маводи сӯхт захира намоянд.​

Дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии вилоят захира намудани 5163,3 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум ба нақша гирифта шудааст.​

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуда, фаъолияти марказҳои гармидиҳӣ пурра таъмин шавад.

Ёдовар мешавем, ки бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру навсозии куллӣ ва бинои маъмурияти беморхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксиген​ як сол пеш ифтитоҳ гардида буданд. Ин иқдом дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд амалӣ шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Август 16, 2023 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид