Палатаи савдо ва саноат: Маҳсулоти Тоҷикистон дар 18 намоишгоҳи байналмилалӣ ва 4 намоишгоҳи дохилӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми шаш моҳи соли равон Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистсон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд 18 намоишгоҳи байналмилалӣ, 4 намоишгоҳи дохилӣ ва 14 намоишгоҳи берун аз мамлакат баргузор намуд, — чунин иттилоъ дод 8 август ба намояндагони ВАО зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Аз ҷумла, молу маҳсулоти мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом «Продэкспо-2023» дар Федератсияи Русия, Намоишгоҳи 15-уми «ELECRAMA-2023» дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Намоишгоҳи 9-уми байналмилалии сангҳои ороишӣ, таҷҳизоти сангбурӣ ва мошинҳои марбути ин соҳа «FARS STONEX-2023» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Намоишгоҳи муҳандисӣ ва тандурустӣ дар Покистон, Намоишгоҳи «EXPO IRAN 2023», Намоишгоҳи 24-уми байналмилалии сохтмонии Узбекистон UzBuild 2023, Намоишгоҳи байналмилалии хоҷагии қишлоқ «Agro World Uzbekistan 2023», Намоишгоҳи 22-юми байналмилалии озуқа ва технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ «UzFood 2023», Намоишгоҳи байналмилалии «Тандурустӣ — TIHE 2023» дар Узбекистон, Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми сармоягузории Тоҷикистон дар Лондон, Намоишгоҳи сармоягузорӣ ва тиҷоратии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул дар Ҷумҳурии Туркия ITMA 2023, намоишгоҳи бузургтарини сорсинг дар шаҳри Милани Италия муаррифӣ шуданд.
Ҳамчунин дар ҳудуди мамлакат Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023», Намоишгоҳи молҳои содиротии Тоҷикистон ва Туркманистон, Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми савдои «Бохтар Фуд-2023» ва Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд — 2023» гузаронида шуданд.
Дар баробари баргузор намудани намоишгоҳҳои молу маҳсулот Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкории байнипалатавӣ давоми шаш моҳи соли равон бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ 22 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар давлатҳо бо мусоидати Палатаи савдо ва саноат 1190 нафар соҳибкорон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ бо намоишгоҳҳои хориҷӣ шинос шуда, дар бизнес-форумҳо иштирок намуданд.
Фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат, ҳамгироӣ ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ, ташаккули зербинои муосири муносибатҳои бозаргонӣ, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорон бо шарикони хориҷӣ, рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии соҳибкорони мамлакат бо ҳампешагон аз давлатҳои хориҷӣ ва амалӣ намудани стратегия ва барномаҳои давлатӣ равона шудааст.
А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






