Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов мулоқот намуданд

Август 4, 2023 11:43

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Туркманистон бо Пешвои миллии халқи Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои  дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро  баррасӣ намуда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории ду давлат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҳамзамон оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо табодули назар анҷом ёфт. Дар зимн ҷиҳати идомаи ин раванд ва анъанаҳои неки дастгирии мутақобила аз ташаббусҳои байналмилалии ду давлат омодагӣ изҳор гардид.

Вохӯрӣ дар фазои гарму дӯстӣ ҷараён гирифт.
Мулоқот бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов 04.08.2023

Август 4, 2023 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд