Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави шуъбаи маориф сеошёна буда, бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бунёд гардид.
Корҳои сохтмонӣ соли 2020 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайянгардида бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Зимни корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 12 ҳуҷраи корӣ дошта, барои 40 нафар корманди соҳа пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино ҷойгир буда, бо мизу курсӣ ва компютер пурра таъмин гардидаанд.
Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 90 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин ҷо гузаронида шаванд.
Ҳамчунин дар ин бино меҳмонхонаи хурд таъсис дода шудааст, ки аз 3 ҳуҷра иборат буда, бо рахти хоб таъмин гардидаанд.
Масоҳати умумии бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ беш аз 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бинои навбунёд бо системаи гармидиҳӣ таъмин шудааст. Гармии ҳуҷраҳои кории иншоот дар фасли зимистон тавассути он таъмин мешавад.
Атрофи бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба симои маркази ноҳия зебоии хос зам намудааст.
Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маориф дар ноҳияи Ванҷ барои кормандони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун кормандони шуъбаи маориф имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, дар рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ саҳми муносиб гузоранд.
Фармоишгари бино Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ дар иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати дар оянда баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияи информатсионӣ, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол






