Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L бо раванди корҳои бунёдӣ шинос шуданд.
Нақби мазкур ба иншооти ЛОТ-и 2 мансуб буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ- ширкати “Вибилд” ба зимма дорад. Ин нақб иншооти асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб рафта, бо риояи талаботи лоиҳавӣ бунёд мегардад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L 234 метр буда, аз сатҳи 1002 метр то 975 метр мавзеъ мегирад ва бо нақби сементатсионии G-1C, ки аз зери ядрои сарбанд мегузарад, пайваст мешавад.
Тибқи лоиҳа, нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L аз 790 чоҳ иборат аст. Имрӯзҳо дар ин нақб марҳилаи охирини корҳо идома дошта, аз шумораи умумии чоҳҳо 680 адад парма ва сементатсия шудаанд. Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи нақб аз ҷониби ширкати “Треви” ва зерпудратчии ширкати “Вибилд” иҷро гардида истодаанд.
Сифат ва муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур аз ҷониби мутахассисон мунтазам назорат мешавад. Ҳамин аст, ки анҷоми корҳои бунёдӣ дар ин қитъаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” мувофиқи нақша ва дар доираи талаботи сохтмон амалӣ мешавад.
Нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L нақби муқимии неругоҳ буда, барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад. То имрӯз сохтмончиёни ватаниву хориҷӣ дар ин нақб корҳои нақбканӣ, таҳкимот ва хобонидани бетони конструктивии қисмати каф ва девору сақфро ба масофаи 234 метр ба анҷом расонида, марҳилаҳои баъдии корро идома медиҳанд.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмон дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён вусъат бахшидан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳоро талаб намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳо аст. Бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






