Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 август дар Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Туркманистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.
Сарони давлатҳо маҷмуи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо ба баррасӣ гирифтанд. Ба иҷрои мувофиқаҳое, ки аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон дар моҳи майи соли 2023 ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи савдои мутақобила ва дастгирии тамоюли афзоиши бемайлони он пуштибонӣ намуданд. Дар ин робита зарурати истифодаи имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин амалияи баргузории форумҳои соҳибкорон мавриди таъкид қарор гирифт.
Ҳамзамон атрофи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.
Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди эътимод ва мавҷудияти иқтидори зиёди ҳамкории ду давлатро таъкид намуда, аз рушди минбаъдаи рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиати тарафҳо ҷонибдорӣ намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






