Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 август сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоуи музофоти Чжэтзян идома ёфт.
Дар ин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтзян муҳтарам И Лянхун мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти ҳизбии музофот барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Иброз гардид, ки ба шарофати саъй ва талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат шарикии стратегии Тоҷикистону Чин пайваста тақвият меёбад.
Ба давлатҳои мо муносибатҳои мутақобилаи сатҳи баланду эътимодбахши сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ хос аст. Дар ин раванд равобити байнипарламентӣ ва байниҳизбӣ мавқеи муассир доранд, таъкид карда шуд дар рафти мулоқот.
Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байнидавлатӣ баҳои баланд дода, барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байни шаҳрҳову минтақаҳои Тоҷикистону Чин изҳори омодагию ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои музофоти Чжэтзян дар бахшҳои аграрӣ, энергетика, тиҷорати электронӣ, роҳсозӣ, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуд.









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






