РУШДИ САНОАТИ ДОРУСОЗӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон зиёда аз 560 намуд дору истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 57 корхонаи ватанӣ зиёда аз 560 намуд ва 320 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 корхона, 40 намуд ва 12 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад, иттилоъ дод Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 9 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста рушди саноати дорусозиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар соҳаи тандурустии мамлакат таъкид менамоянд .
«Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд», — таъкид мегардад, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ бахши фарматсевтӣ мебошад. Барои танзими фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббии истеҳсолшуда дар шаш моҳи соли равон зиёда аз 40 миллион ададро ташкил дод. Инчунин бо мақсади беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо дору 69 иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ, 39 иҷозатнома оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда ва 3 иҷозатнома барои фаъолияти хизматрасонии техникаи тиббӣ дода шудааст, ки ин дар маҷмуъ 111 иҷозатномаро ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи сипаригардида ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 50,2 миллион доллари амрикоӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид ва аз он ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ маводи фаъоли биологӣ ва ба маблағи 434280 сомонӣ 8 номгӯй дору содирот гардид.
Инчунин фаъолияти 315 муассисаи фармасевтӣ зери назорат қарор дода шуда, ҳангоми санҷишҳо аз онҳо 1202 номгӯй дору ва молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқатбуда аз муомилот гирифта шуданд.
Ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки дар ин муддат 74 ҳазору 921 кг дору, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда ва муҳлати истифодаашон гузашта нобуд шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






