Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо ҷараёни корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии умумии хати конвеерӣ дар марҳилаи сеюм 7 ҳазору 500 метрро ташкил намуда, аз он 2 ҳазору 95 метраш аз дохили нақб мегузарад.
Дар айни замон васлу насби хати конвеерии Т-1, Т-2 дар дохили нақб ба масофаи 1 ҳазору 700 метр бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида, дар қисматҳои боқимонда корҳои оҳану бетонӣ идома доранд.
Дарозии умумии хатҳои конвеерӣ 11 километр буда, дар марҳилаҳои 1 ва 2 — юми он корҳои сохтмонӣ ба масофаи 4 ҳазору 795 метр анҷом дода шудаанд.
Хатҳои конвеерӣ махсус барои кашонидани сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии “Роғун” сохта, барои таъмини мунтазами корҳои бунёдӣ дар биефи поёнии сарбанд мусоидат менамоянд.
Тариқи хатҳои конвеерӣ дар 1 соат 6 ҳазор тонна сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ интиқол дода мешаванд ва барои чунин миқдор масолеҳи сохтмониро тариқи мошинҳои гаронвазн интиқол додан 2 соат зарур аст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки интиқоли масолеҳи сохтмонии сангу шағал тариқи хатҳои конвеерӣ бехатар ва босуръат буда, ҳамзамон ба сарфаи вақт, маводи сӯзишворӣ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани техникаву механизми гаронвазни борбардор ва суръати корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мусоидат менамояд.
Дастгоҳу таҷҳизоти хатҳои конвеерӣ аз хориҷи мамлакат ворид шуда, васлу насби он бо ҷалби мутахассисони ватанӣ идома дорад.
Барои васлу насби хатҳои конвеерӣ дар қисми поёнии сарбанди неругоҳ бунёди 4 такягоҳ ба назар гирифта шудааст, ки дар айни замон дар сетои он корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар яктои дигар корҳои омодасозии майдончаи такягоҳ бо ҷалби техникаи соҳавӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ идома дорад.
Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби хатҳои конвеериро кормандону мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” ба анҷом мерасонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои васлу насби хатҳои конвеерӣ ба мутахассисону сохтмончиён дастур доданд, ки корҳои боқимонда ҳарчи зудтар ва бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шаванд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






