САЗОВОРИ ТАҲСИНУ ОФАРИН! Дар Остона ҳунармандону кадбонуҳои чирадасти вилояти Суғд маҳорати воло нишон доданд

Август 29, 2023 15:44

ДУШАНБЕ, 29.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Ҷумҳурии Қазоқистон  дар пойтахти ин давлат — шаҳри Остона намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил  шуд.

Дар намоишгоҳ сабзавоту полезӣ, мева, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистони биҳиштосо дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар даҳҳо кат ва суҳбаткадаҳои бо санъати баланд кандакоришуда, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла устоҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошанд, дастархони пурнозу неъмат ороста шуд. Дар назди ҳар хайма кадбонуҳо ва ошпазони моҳир ба сокинону меҳмонони шаҳри Остона таомҳои миллии мардуми тоҷикро омодаю пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби ошпазҳои моҳири шаҳри Хуҷанд дар як деги 1-тоннагӣ оши палов омода шуд.

Сокинону меҳмонони шаҳри Остона ба ҳунари волои кадбонуҳо ва ошпазони моҳири тоҷик, ки таомҳои миллӣ омода намуданд баҳои баланд дода,  таҳсину офарин гуфтанд.

 

 

Август 29, 2023 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз маросими ҷоизасупорӣ ба кормандони телевизион, радио ва соҳаи алоқа
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз зебоиҳо ва ободкориҳо дар қалби Тоҷикистон — шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Армуғони дӯстӣ» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Суратгузориши АМИТ «Ховар»
СУРАТГУЗОРИШ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон писанди иштирокдорон ва меҳмонони Намоишгоҳи «Gulfood 2025» гардид
СУРАТГУЗОРИШ. Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо мавзеи обанбори НБО –и «Роғун» шинос шуданд
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷашни Иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи авиатсияи тоҷик дар шаҳри Душанбе
Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
САЁҲАТИ ТОҶИКИСТОН — ҲАДАФИ МО! Суратгузориши АМИТ «Ховар» доир ба таассуроти меҳмони хориҷӣ пас аз тамошои мавзеъҳои ҷолиби мамлакат
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Суратгузориш аз иқдоми вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ манзур мегардад