Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Август 24, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рӯзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ кардану омӯхтан ҳастанд. Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт – матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи ба ҳам пайвасти матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон, 10 марти соли 2012

 Асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» аз 21 августи соли равон матни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 18 август дар шаҳри Хоруғ баргузор шуда буд, пешниҳоди хонандагон намудааст. Хотиррасон мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-18 август бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ қарор доштанд, дар ифтитоҳи даҳҳо иншооти муҳими соҳаҳои роҳу коммуникатсия, маориф, корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ва биноҳои таъиноти маишӣ иштирок доштанд, бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Ванҷу Дарвозу Роштқалъа ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоту суҳбатҳои самимӣ баргузор намуданд, оид ба барномаҳои давлатии рушди иқтисоду иҷтимоиёти вилоят ва нақшаҳои Ҳукумати мамлакат дар ояндаи наздик суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, дар суханронии Сарвари давлат омадааст: «Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ҷараёни сафари чандрӯзаи корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар итминон пайдо намудам, ки ин диёри зебоманзару биҳиштосо бо заҳмати содиқонаи мардум ва дастгирии Ҳукумати мамлакат сол ба сол ободу зебо гардида, ба дарвозаи воқеан тиллоии Тоҷикистон табдил ёфта истодааст. Мо асри 21-ро маҳз ба ҳамин хотир асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем». Воқеан давоми ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1000 иншоот ва биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ бунёд шудаанд. Дар нақша дошта шудааст, ки давоми се соли оянда ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлолият 1200 иншооти дигар  бунёд ва навсозӣ мешаванд. Аллакай дар ин самт сохтмони 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.

Дар саҳифаи дохилии ин шумораи нашрия мақолаҳои «Ғасби замин ё чӣ гуна 15 садяк замини кӯдакистони давлатӣ «бегона» шуд?!» ва «Қабул ба синфи 1, чанд паҳлуи як проблема» чоп гардидаанд, ки дар мавзуъҳои мубрами рӯз иншо шудаанд.

Шумораи дигари нашрияи «Ҷумҳурият» аз 22 августи соли 2023 оид ба мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи хабари муфассали расмӣ чоп намуда, навиштааст: «Дар рафти музокирот зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастҷамъона  бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Изҳорӣ боварӣ  шуд, ки Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳри таҳкими  муносибатҳои наздику боэътимоди байнидавлатӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ мусоидат менамояд».

Дар ин шумораи нашрия маводи ҷолиби муаллифӣ бо сарлавҳаҳои «Таваллуди баъдӣ», «Хумори Модар», «Фаротар аз як фаришта», «Меҳрномаи Ватан аз Шветсия», ки барои иштирок дар озмуни «Дуои Модар» навишта шудаанд, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум», шумораи 103 аз 18 август сафари кории Президенти мамлакатро ба ВМКБ инъикос намуда, матни суханронии Пешвои миллатро бо сокинони ноҳияи Ванҷ бо сарлавҳаи «Танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаю содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек мерасем» ва матни суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Роштқаъла бо сарлавҳаи «Мою шумо вазифадорем, ки фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ тарбия намоем» пешкаши хонандагон намудааст. Зимни мулоқот ва суханронӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ Президенти мамлакат гуфтанд, ки «дар 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 13,5 миллион сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ равона шудааст. Инчунин давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд. Лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам намудани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд».

Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа Пешвои миллат, аз ҷумла чунин изҳор доштаанд: «Истиқлолу озодии давлатӣ барои ҳар яки мо неъмати бузургтарин, сарвати бебаҳотарин ва дастоварди азизтарини зиндагӣ мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолу соҳибихтиёрӣ мо имконият пайдо намудем, ки захираҳои дарихтиёрдоштаамонро ба хотири ободу пешрафта гардонидани тамоми гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин деҳоти он равона созем. Мисоли равшан ва намунаи возеҳи ин гуфтаҳо ҳамин ноҳияи Роштқалъа аст, ки маҳз аз баракати истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст». Зимнан бояд гуфт, ки давоми солҳои истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ баҳри рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа 436 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, ба соҳаҳои гуногуни ноҳия 392 миллион сомонӣ ҷудо шуда, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ амалӣ гардиданд ва ҳоло иҷрои корҳо дар доираи се лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 730 миллион сомонӣ идома дорад.

Шумораи навбатии нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 19 август гузоришҳои муфассалро аз идомаи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нашр намуда, матни суханронии Пешвои миллатро дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарлавҳаи «Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ ва садоқати мардуми сарбаланди Бадахшон итминони комил дорам» пешниҳод намудааст. Дар суханронии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст: «Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои мардуми вилоят ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, то имрӯз беш аз 200 километр роҳ, 1 нақб ва 25 пул ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст ва ҳамзамон бо ин боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст».

Воқеан, ҳамаи он амалҳо ва тадбирҳое, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҷдид ва навсозии роҳҳо ва дигар инфрасохтори ҳаётан муҳими ҳар шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом додаанд, беназир ва қиёснашаванда бо давраҳои гузашта мебошанд.

Бо дарназардошти ҳамин воқеият нашрияҳои «Народная газета» ва «Халқ овози» аз сафари кории Президенти мамлакат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузоришу хабарҳои муфассал ва матни суханрониҳои Пешвои миллатро зимни мулоқот бо сокинони вилоят чоп намудаанд. Дар баробари ҳамин нашрияи «Народная газета» оид ба сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин хабари расмӣ нашр намудааст. Нашрия ҳамчунин аз ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Истаравшан ва оид ба фаъолияти Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи гумрук, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли равон хабарҳоро пешкаши хонандагони худ намудааст.

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари нашри хабару гузоришҳои расмӣ мақолаҳоро бо сарлавҳаҳои «Иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим», «Миллати шаҳрсозу шаҳрдор» ва ғайра  пешкаши хонандагон намудааст.

«Омӯзгор» — нашрияи Вазорати маориф ва илм аз машварати августии омӯзгорони вилояти Суғд, омодагии таълимгоҳҳои ноҳияи Айнӣ ба мавсими нави хониш, идомаи даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ифтитоҳи муассисаи нав ва муосири таълимӣ дар деҳаи Сағирдашт хабарҳо нашр намудааст. Навишта бо сарлавҳаи «Соҳаи маориф фасодзада нест!» вокуниши Маркази матбуоти вазорат ба баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, дар он изҳор шудааст, ки дар ҳама сохторҳои соҳаи маориф мамлакат  зиёда аз 229 162 нафар ба таълиму тарбия машғул ҳастанд ва дар қатори ин шумора ба қайд гирифтани 116 амали коррупсионӣ нишонаи фасодзадагӣ дар соҳаи маориф шуда наметавонад. Ба идомаи матлаб хонандагон метавонанд дар саҳифаи нашрияи «Омӯзгор» шинос шаванд. Дар саҳифаи дохилии ҳафтанома маводи хуби муаллифӣ оид ба бахшҳои гуногуни илм, мактабу маориф, таълиму тарбия, китобу хонанда ба нашр расидааст.

Нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо зерсарлавҳаи «Қадами устувори дастпарвари мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар пиёда кардани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ» сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқотҳои Рустами Эмомалиро бо ҳайати олии парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар шахсони воломақоми ин кишвари тавоно муфассал нашр намуда, шарҳ додааст. Нашрия аз ҳаёти варзишгарони тоҷик ва дар бораи ихтироъкорони ҷавон мақолаҳо чоп намудааст.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Август 24, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вохӯрии гурӯҳи корӣ бо занону духтарон доир шуд
29 июл дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
Дар Кӯлоб 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ронандагон тартиб дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амирӣ» ва «Афзалият» таъсис дода шуд
Агентии хоҷагии ҷангал: «Нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагони қонунгузории соҳа ба миқдори 780 санад тартиб дода шуд»
Пагоҳ Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Кумитаи рушди маҳал, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти ин унвон дар Хатлон то ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир мешавад