СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин коргоҳ 7 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Тасмим гирифта шудааст, ки дар маркази вилоят 10 номгӯй маҳсулоти нонӣ истеҳсол шавад. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» имконият дорад, ки дар як рӯз то 350 кг ордро коркард намояд. Арзиши харҷномавии лоиҳа зиёда аз 450 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар муддати кӯтоҳ сохта шуд.
Бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Хоруғ дар ду соли охир таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ ба маротиб афзоиш ёфт.
Яке аз афзалияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар он аст, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гашта, ҷараёни кори коргоҳ ба таври рақамӣ амалӣ ва назорат мешавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти нонӣ омехтаҳои кимиёвӣ истифода намегарданд.
Панҷ нафар коргарзанон фаъолияти дастгоҳҳои нонпазиро ба таври худкор идора намуда, дар корхона дар баробари истеҳсоли маҳсулоти анъанавӣ шаклҳои гуногуни нонҳои парҳезӣ низ бо истифода аз орди навъи дуюм ва сеюм омода мешаванд.
Умед аст, ки дар ояндаи наздик корхона тавоноии истеҳсолиашро ба маротиб зиёд намуда, маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






