СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Август 24, 2023 18:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин коргоҳ 7 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Тасмим гирифта шудааст, ки дар маркази вилоят 10 номгӯй маҳсулоти нонӣ истеҳсол шавад.  Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонии «Хамир» имконият дорад, ки дар як рӯз то 350 кг ордро коркард намояд. Арзиши харҷномавии лоиҳа зиёда аз 450 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар муддати кӯтоҳ сохта шуд.

Бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар шаҳри Хоруғ дар ду соли охир таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ ба маротиб афзоиш ёфт.

Яке аз афзалияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ дар он аст, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гашта, ҷараёни кори коргоҳ ба таври рақамӣ амалӣ ва назорат мешавад. Дар истеҳсоли маҳсулоти нонӣ омехтаҳои кимиёвӣ истифода намегарданд.

Панҷ нафар коргарзанон фаъолияти дастгоҳҳои нонпазиро ба таври худкор идора намуда, дар корхона дар баробари истеҳсоли маҳсулоти анъанавӣ шаклҳои гуногуни нонҳои парҳезӣ низ бо истифода аз орди навъи дуюм ва сеюм омода мешаванд.

Умед аст, ки дар ояндаи наздик корхона тавоноии истеҳсолиашро ба маротиб зиёд намуда, маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол намояд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 24, 2023 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад