СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Зафаробод беш аз 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, садҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд

Август 14, 2023 18:30

ДУШАНБЕ, 14.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) таҳия шудааст. Инчунин дар раванди  корҳои бунёдкорона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод  коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонию савдо ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд гардиданд, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоии сокинони  ноҳия мусоидат  менамоянд. Дар ин хусус зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Малоҳат Абдусаломзода ибрози назар намуд.

Тавре қаблан хабар додем, бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 август дар Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид, ки аз ҷониби сокинон ва меҳмонони пойтахт хуш пазироӣ шуд.

Муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Малоҳат Абдусаломзода иброз дошт, ки «Зафаробод ноҳияи агарарӣ буда, шуғли асосии мардумаш  кишоварзӣ ва чорводорӣ аст. Сокинони ноҳияи Зафаробод дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият ва дар фазои сулҳу субот зиндагии осудаҳолона дошта, бо меҳнати софдилона дар раванди бунёдкорию созандагӣ, хусусан татбиқи   ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат -саноатикунонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ   саҳми муносиб мегузоранд».

 

Бояд гуфт, ки  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳияи Зафаробод беш аз 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар шаҳри Душанбе то 3 сентябр- ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ идома меёбад.

                                                                                   Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                                                    АКС:АМИТ «Ховар»

 

Август 14, 2023 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад