СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмун идома дорад

Август 3, 2023 13:58

ДУШАНБЕ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1-уми август  байни хонандагони муассисаҳои миёни умумӣ, литсей, гимназия ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 12 август идома меёбад. Дар  ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, 1 август дар шаҳри Панҷакент озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид. ​

​Иброз гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва амалӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд карда шуд. Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малакаи истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.​

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари ин ғамхориҳо бояд Ватани худро боз ҳам бештар дӯст дошта, илмҳои гуногуни замонаро омӯзанд ва баҳри ободии диёри биҳиштосоямон кӯшиш намоянд.

Бояд гуфт, ки озмуни ​Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 3, 2023 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид