Тӯфони шадиди «Хилари» сабаби обхезиҳо дар Калифорния гардид

Август 22, 2023 16:04

ДУШАНБЕ, 22.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тӯфони шадиди тропикии «Хилари» дар нимҷазираи Мексика, ки дар он Калифорнияи поёнии Мексика воқеъ аст, рӯзи якшанбе дар шарқ ва ғарби Лос-Анҷелес обхезиҳои шадид ба вуҷуд овард. Дар натиҷаи обхезиҳои ногаҳонӣ дар нимҷазираи Мексика як нафар ба ҳалокат расид, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба Reuters.

Тӯфони тропикии «Хилари» аввалин маротиба соли 1939 минтақаи  Лос-Анҷелесро фаро гирифта, сабаби обхезии шадид дар кӯҳҳои Сан-Габриэл дар самти шарқии шаҳр ва минтақаҳои наздисоҳилии шимолу ғарби минтақаи Вентура гардида буд.

Дар иёлати Сан-Бернардино мақомот барои ба ҷойҳои амн кӯчонидани сокинон қарор баровардааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои  боз

 

Август 22, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд