ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, сешанбе, 213-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 1, 2023 08:00

1 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро  ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд.

 ***

1 августи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.

***

1 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро имзо намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд.

1 АВГУСТ:

Дар Ангола — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.

***

Дар Чин – Рӯзи таъсиси артиши халқӣ- озодкунанда.

РӮЙДОДҲО:

 1 августи соли 2022 густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид.

 ***

1 августи соли 2013 маҷмуи васеи мавзуъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Раҷаб Амонов –соли 1923— фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  (1941—1945).

 

Август 1, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш