ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, панҷшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2023 аст

Август 10, 2023 08:00

10 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд. Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шарафи рӯз»-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дода, Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфтанд.

***

10 августи соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд.

10 АВГУСТ:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.

***

Дар Эквадор –Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

10 августи соли 2021  дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, дар Маҷмааи тандурустии  «Истиқлол» маросими расмии супоридани маҷмуи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд.

***

10 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.

***

10 августи соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

***

10 августи соли 1956 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) шаҳри Чкалов таъсис дода шудааст, ки ҳоло ба шаҳри Бӯстон тағйири ном намудааст.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Сайдулло Хайруллоев -соли 1945 — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати якум (1995—2000) ва пас аз тақсимоти парлумон ба ду палата — вакил ва нахустин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2010), узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2010) . Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Август 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст