ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, сешанбе, 234-умин рӯзи соли 2023 аст
22 августи соли 2001 дар Пекин Бозиҳои 21-уми байналмилалӣ байни донишҷӯён баргузор гардид.
***
22 августи соли 2005 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъсис дода шуд.
***
22 августи соли 2011 Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шинос шуданд.
***
22 августи соли 2020 пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе баргаштанд.
***
22 августи соли 2022 Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлуи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея , аз ҷумла густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
22 АВГУСТ:
Дар Русия –Рӯзи Парчами миллӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Абдусаттор Нуралиев , соли 1941 — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Русия (2011).