ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, сешанбе, 241-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 29, 2023 08:00

29 августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баъди анҷоми мулоқоти расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев Созишнома байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иртиботи оммаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи бузурги истеҳсоли семент  ба истифода дода  шуд.

***

29 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои «Қазоқистон дар замони муосир» баргузор гардид.

***

29 августи соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

***

29 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии ҷавонону донишҷӯёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

***

29 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе мутобиқи барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон машваратҳои консулӣ доир шуд.

***

29 августи соли 2018 байни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Бӯстон ва Донишгоҳи илм ва техникаи Кунмини Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

***

29 августи соли 2019 дар Москва ҷаласаи Шурои коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

29 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди амали санҷишҳои ядроӣ.

***

Рӯзи шӯриши миллии словакҳо.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:

Маҳмадӣ Мирзоалиев, соли 1949 — ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.

Август 29, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш