ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, панҷшанбе, 215-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 3, 2023 08:00

3 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Туркманистон сафари давлатӣ анҷом дода, ҳамчунин  дар Вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

***

3 августи соли 2011 дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи нави заршӯӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он дар як шабонарӯз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо ҷудо намояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ  бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилаии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

3 АВГУСТ:

Дар Нигерия – Рӯзи истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

3 августи соли 2022 дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври 5-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бар дастаи Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

***

3 августи соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои шуъбаи назорати метеорологии Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

***

3 августи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

3 августи соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

 Алимуҳаммад Муродӣ-соли 1945- Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Август 3, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, душанбе, 342-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, якшанбе, 341-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, шанбе, 340-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, ҷумъа, 339-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, панҷшанбе, 338-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, чоршанбе, 337-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, сешанбе, 336-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, душанбе, 335-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 ноябр, якшанбе, 334-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, шанбе, 333-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, ҷумъа, 332-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, панҷшанбе, 331-умин рӯзи соли 2025 аст