ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, чоршанбе, 242-юмин рӯзи соли 2023 аст

Август 30, 2023 08:00

30 августи соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза — «Об, муҳити зист ва амният» баргузор гардид.

***

30 августи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ба истифода супурдани нақби «Озодӣ» («Шар-шар»)  ва оғози навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара иштирок намуданд.

***

30 августи соли 2011 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки яке баландтаринҳо дар ҷаҳон аст, парафшон гардид.

***

30 августи соли 2013 дар иҷлосияи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарори якҷоя оид ба баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қабул гардид, ки он 6 ноябри соли 2013 дар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

***

Соли 2013  дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон аввалин Форуми байналмилалӣ-иқтисодии «Имкониятҳои сармоягузории рушди Помир»  баргузор гардид.

***

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нахустин боғчаи байналмилалии «Малика» ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои аъзои БРИКС ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд.

***

30 августи соли 2018 дар арафаи таҷлили ҷашни умумимиллӣ -27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Узбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардониданд.

***

30 августи соли 2018 дар шаҳри Норак таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ»- Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид.

***

30 августи соли 2018 дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳри Палембанги Индонезия Мусобиқа оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор шуд ва варзишгари маъруфи тоҷик  Шаҳриёр Даминов дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафара медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард.

***

30 августи соли 2022 Тоҷикистон ва Чин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар Хатлон баррасӣ намуданд.

***

30 августи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 10-ум оид ба содагардонии савдо дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар Сингапур иштирок намуд.

30 АВГУСТ:

Дар Қазоқистон –Рӯзи конститутсия.

***

Дар Тотористон – Рӯзи ҷумҳурӣ.

***

Дар Туркия  — Рӯзи ғалаба.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААСТ:

Ҷамшед Исмоилов- соли 1956 — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1989).

 

Август 30, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш