ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август,ҷумъа, 216-умин рӯзи соли 2023 аст

4 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон бо маросими истиқболи бошукуҳ дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Ашқобод оғоз ёфт.
***
4 августи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои ободонӣ ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, ҳамчунин бо корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
***
4 августи соли 2011 дар шаҳри Истаравшан дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса Протокол оид ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба имзо расид.
4 АВГУСТ:
Дар ИМА – Рӯзи посбони соҳил.
***
Дар ҷазираҳои Кук – Рӯзи Конститутсия.
РӮЙДОДҲО:
4 августи соли 2021 баъд аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.
***
4 августи соли 2009 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши байналмилалии «Рушди энергетикаи Афғонистон» баргузор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Бурҳониддин Баҳоваддинов -соли 1953- духтури хуншинос (гематолог), доктори илми тиб, профессор, Аълочии тандурустии Тоҷикистон.