ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, шанбе, 217-умин рӯзи соли 2023 аст

Август 5, 2023 08:00

5 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон бо фаъолияти  бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ шинос шуданд.

***

5 августи 2020 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила»-ро имзо намуданд.

***

 5 августи соли 2010 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи ҷамъбасти мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон изҳороти матбуотӣ баён намуданд.

5 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии чароғаки раҳнамо (светофор).

***

Дар Хорватия – Рӯзи миннатдорӣ ба ғалаба ва шарофати Ватан.

РӮЙДОДҲО:

5 августи соли 2022 Соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярск 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

5 августи соли 2009 Ассотсиатсияи байналмилалии Федератсияи  футбол (ФИФА) рейтинги нави дастаҳои миллиро нашр намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон байни  203 давлат мақоми 155-умро соҳиб гашт.

***

5 августи соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли маҳсулоти Тоҷикистон ва Кипр- «Стар Мост» ба фаъолият оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе  Амфитеатр ба истифода дода шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Абдулҳамид Самад — соли 1947- нависанда, рӯзноманигор. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1999), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1990).

Август 5, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, якшанбе, 264-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 сентябр, ҷумъа, 262-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, панҷшанбе, 261-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, чоршанбе, 260-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 сентябр, сешанбе, 259-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, душанбе, 258-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, якшанбе, 257-умин рӯзи соли 2025 аст