«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ». Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ», ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёт баргузор гардид, баён шуд.
Гуфта шуд, ки бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.
Иштирокчиён аз содиршавии ҳолатҳои вайронкунии қонуну ҳуқуқ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро ёдовар шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






