«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ». Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд

Август 28, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 28.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи  Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ», ки дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки кормандони соҳаи нақлиёт баргузор гардид, баён шуд.

Гуфта шуд, ки бо қабули қонуни мазкур низоми дахлдори тарбияи ватандӯстӣ ташаккул ёфта, дар заминаи сохторҳои мухталиф дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Қабули қонун хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Иштирокчиён аз содиршавии ҳолатҳои вайронкунии қонуну ҳуқуқ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он мисолҳо оварда, дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамонро ёдовар шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Август 28, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад