ТАВАҶҶУҲ! Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

Август 30, 2023 14:23

ДУШАНБЕ, 30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар вазорат озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 16 сентябри соли 2023 ба вазорат равон намоянд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар зер рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон пешкаши хонандагон мегардад.

  • атташеи раёсати корҳо – 2 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми раёсати корҳо – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ – 1 ҷой.

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1660 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1825,25 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мушовир – 2220,10 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мушовир чунин аст:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин намуда метавонад;

— 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин намуда метавонад;

— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм ва атташе

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин намуда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
  • донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
  • маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ

— талаботи тахассусӣ барои мансаби мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ — таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ.

Талаботи иловагӣ нисбат ба ҳамаи довталабон

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии мамлакат, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии мамлакат;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводи таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи Вазири корҳои хориҷӣ (Word);
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
  3. Тарҷумаи ҳол (Word);
  4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
  5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.

Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)

Дастурамалҳои мансабӣ (PDF):

атташеи раёсати корҳо;

котиби дуюми раёсати корҳо;

котиби сеюми шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии раёсати ташрифоти давлатӣ;

котиби сеюми шуъбаи маблағгузорӣ ва назорати молиявии раёсати молиявӣ;

мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ.

Эзоҳ:

Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то санаи 16 сентябри соли равон қабул мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-70-27.

Август 30, 2023 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд