Тоҷикистон ва Ҷопон созишнома оид ба таҳсил барои рушди захираҳои инсонӣ ба имзо расониданд

Август 4, 2023 08:40

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парламентии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ёшикава Юми мулоқот намуд.  Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот сатҳи кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Пас аз мулоқот маросими имзои созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)» баргузор шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 4, 2023 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард