«ТОҶИКИСТОН -ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар даври дуюми ин озмун дар Бадахшон 342 нафар иштирок доранд

Август 22, 2023 18:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври дуюми  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд, ки шумораи умумии довталабон 342 нафарро ташкил медиҳад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи фарҳанги вилоят хабар медиҳад.

Намоиши дастовардҳои довталабон аз рӯйи номинатсияи саньати тасвирӣ ва дизайн дар толори Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назаров баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо санадҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи озмун пешниҳод мегарданд.

Бояд гуфт, ки ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки  тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ба тасвиб расидааст, тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот аз ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур иборат мебошад. Тибқи он, имсол дар озмун на танҳо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки тамоми довталабони дорои қобилияти баланди эҷодӣ, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок намуда метавонанд.

Таҳти назорати қатъии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ин озмун ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС: Шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

 

Август 22, 2023 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт