ЯКШАНБЕИ ЯКУМИ АВГУСТ-РӮЗИ РОҲИОҲАНЧИЁНИ ТОҶИК! Барои зиёд намудани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ мунтазам сабукиҳо пешниҳод мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Тоҷикистон якшанбеи якуми моҳи август Рӯзи роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳисобида мешавад. Бахшида ба ин иди касбӣ имрӯз баргузории бархе чорабиниҳо дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар партави дастуру супоришҳо ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис ёфтааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ он ба дастоварду муваффақияти зиёди меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муасир мегузорад.
Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2023 аз ҷониби корхона дар ҳаҷми 3 миллиону 206 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 457,6 ҳазор тонна ё 16,6 % зиёд мебошад.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар шашмоҳаи аввали соли 2023 содироти молҳои хоҷагии халқ 378,2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти молу маҳсулоти гуногун 2 млн 553 ҳазор тоннаро дар мегирад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 626 ҳазор тонна зиёд аст.
Бояд гуфт, ки Роҳи оҳани Тоҷикистон дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани ҳаҷми боркашонию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз хизматрасониҳои роҳи оҳан мунтазам сабукиҳо пешниҳод менамояд. Масалан, барои кашонидани маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30% то 80% сабукӣ, барои семент аз 30% то 50%, барои алюминий- 60%, барои гилхок- 10%, барои сӯзишворӣ- 40%, барои кашонидани пиёз аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то истгоҳи Амузанг- 80% ва барои дигар намуди борҳо вобаста аз истгоҳи борфиристӣ 30% сабукӣ пешниҳод гардидааст.
Роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон дар оянда нақша доранд, ки барномаи боркашонии содиротиву воридотии мамлакатро тавассути роҳи оҳан таъмин намуда, мусофиркашонӣ ва хизматрасонӣ ба мусофиронро боз ҳам бештару беҳтар гардонанд.
Ҳамзамон сармояи бештари хориҷӣ ҷалб намуда, вагонҳои наву муосир харидорӣ намоянд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»/ аз бойгонӣ













Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






