Зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «32 сол дар пеши таърих муддати тӯлонӣ нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон намуд. Тоҷикон ба сахттарин имтиҳони таърих- ҷанги шаҳвандӣ рӯбарӯ гаштанд, давлату миллатро хатари аз байн рафтан ҳар лаҳза таҳдид менамуд. Аммо алорағми ҳама нотавонбинону муғризон тоҷикон дубора гирди ҳам омада, барои ободкориву созандагӣ камари ҳиммат бастанд ва Истиқлолияти худро истеҳком бахшиданд».
Чунин гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултети филологияи донишгоҳ доир гардид. Зимнан таъкид шуд, ки яке аз нахустфакултетҳои донишгоҳ- ин факултети филология мебошад, ки то имрӯз мутахассисони зиёде ба камол расонидааст. Он дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, академики АМИТ Муҳаммадюсуф Имомзода, декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ ва дигарон сухан намуданд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи хосса дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи мамлакат назаррас арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин махзани илму адаб низ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Дар идомаи конфронс китоби тозанашри профессор Сироҷиддини Эмомалӣ «Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол» рӯнамоӣ ва ба иштирокдорони ҳамоиш тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






