Зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ гардид

Август 25, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. «32 сол дар пеши таърих муддати тӯлонӣ нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон намуд. Тоҷикон ба сахттарин имтиҳони таърих- ҷанги шаҳвандӣ рӯбарӯ гаштанд, давлату миллатро хатари аз байн рафтан ҳар лаҳза таҳдид менамуд. Аммо алорағми ҳама нотавонбинону муғризон тоҷикон дубора гирди ҳам омада, барои ободкориву созандагӣ камари ҳиммат бастанд ва Истиқлолияти худро истеҳком бахшиданд».

Чунин гуфт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултети филологияи донишгоҳ доир гардид. Зимнан таъкид шуд, ки яке аз нахустфакултетҳои донишгоҳ- ин факултети филология мебошад, ки то имрӯз мутахассисони зиёде ба камол расонидааст. Он дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии мамлакат қарор гирифта, дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, академики АМИТ Муҳаммадюсуф Имомзода,  декани факултети филология Сироҷиддини Эмомалӣ  ва дигарон сухан намуданд. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи хосса  дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи мамлакат назаррас арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлолияти давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин махзани илму адаб низ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар идомаи конфронс китоби тозанашри профессор Сироҷиддини Эмомалӣ «Дастовардҳои факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлол» рӯнамоӣ ва ба иштирокдорони ҳамоиш тақдим гардид.

                                                                                                                            АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Август 25, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд