Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Олмон 93,9 миллион долларро ташкил дод

Сентябрь 5, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 05.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобилаи Тоҷикистон ва Олмон дар моҳҳои январ-июни соли равон 93,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 миллион доллар ё 2,1 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар ин хусус зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо ҳайати сармоягузорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи шарқии Иқтисодии Олмон Михаел Ҳармс иттилоъ дода шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ изҳор гардид, ки бо дарназардошти захираву имконияти васеи ҷонибҳо ҳаҷми ин нишондиҳанда метавонад боз ҳам баландтар шавад.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Зимни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо аз сармоягузорони Олмон барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ дархост ба амал овард, ки аз ҷониби онҳо хуб пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба боз ҳам тақвият  додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои иброзгардида баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид