Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд

Сентябрь 19, 2023 10:04

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар Форуми байналмилалии таҳиякунанда ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Санкт — Петербурги Русия доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд. Гирд овардани намояндагони мақомоти омори давлатҳои аъзо, ки дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии омори расмӣ, раванди рақамикунонии иттилооти оморӣ, истифодаи захираҳои инсонӣ дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳадафҳои асосии форум мебошанд.

Дар Форуми байналмилалӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мавзуи «Навкунии низоми омори миллӣ» маъруза намуд.

Дар ҳошияи форум  ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ баргузор  гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарони мақомоти омори давлатҳо  масъалаҳои мубрам матраҳ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Агентии  омори  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид