Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар Форуми байналмилалии таҳиякунанда ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ ва ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Санкт — Петербурги Русия доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Форуми байналмилалӣ бо ибтикори Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шуд. Гирд овардани намояндагони мақомоти омори давлатҳои аъзо, ки дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ масъул мебошанд, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ, такомули мунтазам ва ҳамоҳангсозии низоми омори миллӣ ба низоми омори байналмилалӣ ва принсипҳои асосии омори расмӣ, раванди рақамикунонии иттилооти оморӣ, истифодаи захираҳои инсонӣ дар раванди таҳияи маълумоти оморӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳадафҳои асосии форум мебошанд.
Дар Форуми байналмилалӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар мавзуи «Навкунии низоми омори миллӣ» маъруза намуд.
Дар ҳошияи форум ҷаласаи навбатии 67-уми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби роҳбарони мақомоти омори давлатҳо масъалаҳои мубрам матраҳ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






