Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Навкунии низоми оморӣ» оғоз гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омор хабар медиҳад.
Директори Агентии омор дар мавзуи «Навкунии низоми омори миллӣ», натиҷаҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва дастовардҳои соҳа сухан намуд.
Чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Навкунии низоми оморӣ» ҳамасола аз ҷониби Омори Аврупо дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо (EFTA) ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ (UNECE) баргузор гардида, ба мақомоти омори давлатҳо имкон медиҳад, ки тамоми мушкилиҳо ва дастовардҳои соҳаи оморро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ҳадафи асосии ҷаласаи навбатӣ- ин баррасии масъалаҳои рушди соҳаи омор давоми 12 моҳи охир ва ҳамкории байналмилалӣ барои пешбурди низоми омор арзёбӣ мегардад.
Ҳамоиши мазкур то 28 сентябр идома ёфта, намояндагони мақомоти омори Тоҷикистон рӯнамои навбатии худро оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи навкунии низоми омори миллӣ пешниҳод менамоянд.
Дар доираи ин чорабинӣ вохӯрии ҳайати Агентии омор бо намояндагони Омори Аврупо, Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ, оҷонсиҳои омори мамлакатҳои дигар, инчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои ҳамкории минбаъда дар назар аст.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






