«Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон ҳамкориро тавсеа мебахшанд

Сентябрь 18, 2023 11:51

ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. КВД «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон ҳамкориро тавсеа мебахшанд. Масъалаи ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ байни «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Халқ-Бонк»-и Узбекистон дар мулоқоти Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари ҳайати «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон — муовини Раиси Раёсати Халқ-Бонк Дилшод Қутлиев дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оғози ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушди он, аз ҷумла паҳлуҳои муҳими оғози ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногуни бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва дар заминаи он тақвияти амалиёту пардохтҳо бо асъори хориҷӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дарёфти масири нави ҳамкорӣ байни бонкҳо, табодули таҷриба дар бахшҳои гуногун, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ ва таъсиси фазои сармоягузории муштарак ва дигар мавзуъҳои вобаста ба соҳаи бонкӣ муҳокима шуд.

АКС: «Амонатбонк»

Сентябрь 18, 2023 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад