Аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ ба имзо расид

Сентябрь 15, 2023 09:39

ДУШАНБЕ, 15.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи мулоқоти панҷуми машваратӣ дар Душанбе панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки яке аз онҳо Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадафи Созишномаи мазкур таҳкими ҳамкории устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика арзёбӣ мегардад. Инчунин санад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ, сода намудани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти рӯизаминӣ, рушди хизматрасонии муосири нақлиётӣ-логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, хусусан рақамисозии раванди ҳамлу нақл, ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои нақлиёти аз лиҳози экологӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.

Имзои Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки 13 сентябр дар Душанбе нахустин мулоқоти вазирони нақлиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 15, 2023 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд