Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт 27 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад
РАШТ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар толори ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроия, фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва занону ҷавонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар шаҳрванди мамлакат арзиши хосса дорад, зеро он рамзи Ваҳдати миллат, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзише аст, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди муваффақонаи мамлакат ба ин падида вобастагии амиқ дорад. Бо шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардида, халқи тоҷик ҳамчун миллати мутамаддин ва бофарҳанг шинохта шудааст.
Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода иброз намуд, ки “муҳимтарин комёбиву дастовардҳои давлати мо дар зарфи 32 соли охир натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфияте аст, ки дар байни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳамватанони бурунмарзии мо пайдо намудаанд. Мо бо ифтихор мегӯем, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва меъмори давлатдорию соҳибистиқлолии миллати тоҷикро мебинанд”.
Тибқи иттилои муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода, дар рӯзҳои ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки меҳмонон 27 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, биноҳои асосӣ ва иловагии муассисаҳои таълимии №39, №38, №14, №78, №22, №18, №46 ва хатҳои оби нӯшокию мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, бинои иловагии Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ва дигар намуди иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Танҳо соли 2023 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва буҷети давлатӣ 13 бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 285 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 88 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






