Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рашт 27 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад

Сентябрь 9, 2023 18:50

РАШТ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар толори ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт  бо иштироки намояндагони  Мақомоти иҷроия, фаъолон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва занону ҷавонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар  шаҳрванди мамлакат арзиши хосса дорад, зеро он  рамзи Ваҳдати миллат, соҳибихтиёрӣ ва озодӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва олитарин арзише аст, ки бақои давлату миллат ва дурнамои рушди муваффақонаи мамлакат ба ин падида вобастагии амиқ дорад. Бо шарофати ин арзиши бебаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва эътироф гардида, халқи тоҷик ҳамчун миллати мутамаддин ва бофарҳанг шинохта шудааст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Рашт Нилуфар Мирзозода  иброз намуд, ки “муҳимтарин комёбиву дастовардҳои давлати мо дар зарфи 32 соли охир натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфияте аст, ки дар байни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳамватанони бурунмарзии мо пайдо намудаанд. Мо бо ифтихор мегӯем, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва меъмори давлатдорию соҳибистиқлолии миллати тоҷикро мебинанд”.

Тибқи иттилои муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода,  дар рӯзҳои ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  бо иштироки меҳмонон  27 иншооти гуногун ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, биноҳои асосӣ ва иловагии муассисаҳои таълимии №39, №38, №14, №78, №22, №18, №46 ва хатҳои оби нӯшокию  мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ, бинои иловагии Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ва дигар намуди иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.  Танҳо соли 2023 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва буҷети давлатӣ 13 бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳияи Рашт  бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бунёди 285 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 88 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Сентябрь 9, 2023 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад