Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ паради ҳарбӣ баргузор шуд

Сентябрь 9, 2023 10:47

ХОРУҒ, 08.09.2023  /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 3  ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати захираҳои сафарбарӣ гузашти низомӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан. 

Дар паради ҳарбӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирокдорони гузаштро ба муносибати ҷашни фархундаи миллат- 32-солагии Истиқлолияти Ватан самимона шодбош гуфта, аз заҳматҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва  зиндагии орому осудаи  мардум  ибрози назар намуд.

Сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон субҳи 8 сентябр бо руҳияи баланд ва ифтихори беандоза ба Ватани азизашон- Тоҷикистон дар ҳамоиши тантанавӣ ва гузашти низомӣ, ки ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир гардид, иштирок намуданд.

Дар гузашти ҳарбӣ ҳар сокини содиқ ба Ватан-Модар, мардони шуҷою далер ва муҳофизони ин сарзамин бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ иштирок намуда, садоқати худро ба халқу меҳан ва сарвари созандаву бунёдкор, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд. Паради ҳарбӣ дар майдони Исмоили Сомонии маркази вилоят бо ворид намудани Парчами давлатӣ, гузориш додани роҳбарияти парад ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомию интизомӣ ва ихтиёриён аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли иштирокдорони гузашти низомиро ба ифтихори 32-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  самимона табрик намуд. Раиси вилоят иброз дошт, ки «расидан ба истиқлоли миллӣ орзуи чандинасраи миллати сарбаланди тоҷик буд ва ба таъкиди Роҳбари давлат, «истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард»».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Сентябрь 9, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд